Варзишгари туркман Мӯъминҷон Арзиқулов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо соли 2026, ки дар пойтахти Узбакистон - шаҳри Тошканд баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Ӯ дар риштаи самбои размӣ дар вазни то 71 кило рақобат карда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз гашт.

Дар роҳи ба даст овардани медали тилло Мӯъминҷон Арзиқулов панҷ қувваозмоӣ карда, бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд. Ӯ дар даври 1/16 финал бар Ролан Зиннатови русиягӣ бо ҳисоби 1:0 ва дар даври 1/8 финал бар Умар Регигии тунисигӣ бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд. Варзишгари туркман дар даври чорякфинал бо намояндаи Ҳолланд Дэвид ван Дорн вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Дар даври ниманиҳоӣ варзишгари туркман бо гуштигири самбои қазоқ Нитхан Толеухан қувваозмоӣ кард. У дар ин вохурй галаба карда, ба финал баромад. Дар муборизаи ҳалкунанда барои медали тилло рақибаш Андрей Кучеренкои украинӣ буд. Муъминҷон Арзиқулов дар бозии ниҳоӣ бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуда, медали тиллои чемпионати ҷаҳонро ба даст овард.

Натичахои хамаи чангхои спортсмени туркман дар чемпионат:

  • 1/16 финал: Ролан Зиннатов (Русия) – 1:0;

  • 1/8 финал: Омар Региги (Тунис) – 4:0;

  • Чорякфинал: Давид ван Дорн (Ҳолланд) – 2:0;

  • Нимфинал: Нятхон Толеухон (Қазоқистон) – пирӯзӣ;

  • Финал: Андрей Кучеренко (Украина) – 4:2.

Ин дастовард дуюмин медали тиллои Мӯъминҷон Арзиқулов дар чемпионати ҷаҳон гардид. Қаблан ӯ дар чемпионати рӯзҳои 8-10 ноябри соли 2024 дар Қазоқистон дар риштаи самбо қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.

Ба ин тартиб, варзишгари туркман дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар солҳои 2024 ва 2026 медалҳои тилло ба даст оварда, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба самбо гардид.