Дар ҷаҳони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон ва васеъ намудани имкониятҳои касбии ояндаи онҳо аҳамияти калон дорад. Хусусан ҳангоми таълими забони англисӣ на танҳо ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон, балки ба таври ҳамоҳанг инкишоф додани малакаҳои гӯш кардан, муоширати озод, хондан ва навиштан муҳим аст. Дар ин самт технологияҳои рақамӣ барои омӯзгорон имкониятҳои нав мекушоянд.

Истифодаи сабтҳои аудиоӣ, видеоҳои кӯтоҳ, маводҳои аёнӣ ва супоришҳои интерактивӣ дар дарсҳо, ки мувофиқи мундариҷаи мавзӯъ интихоб карда шудаанд, самаранокии таълимро зиёд мекунад. Масалан, донишҷӯ на танҳо калимаи навро дар хотир нигоҳ медорад, балки талаффузи дурусти онро низ мешунавад, инчунин тарзи истифода шудани он дар ҷумларо меомӯзад. Ин равиш ба амиқтар азхуд кардани иттилооти нав мусоидат мекунад.

Илова бар ин, машқҳои электронии ҳамҷоякунӣ, сӯҳбатҳо дар асоси расмҳо ва машғулиятҳои саволу ҷавоб дарсҳоро шавковар ва таъсирбахш мегардонанд. Истифодаи мақсадноки воситаҳои рақамӣ на танҳо шавқу рағбати хонандагонро ба дарс зиёд мекунад, балки барои баланд бардоштани малакаи забонии онҳо низ таъсири мусбат мерасонад.

Дар ин бора муаллимаи мактаби миёнаи раками 11-и этрапи Дяневский Ренагул Бобониёзова кайд кард.