Тараккиёти хочагии кишлоки мамлакатамон, руёндани хосили фаровон ва сахми ба анборхои Ватан гузоштани дехконони мехнатдуст хеле калон аст. Пахтакорони ичоракор ва дехконони пуртачрибаи вилоя-ти мо ба маъракаи пахтачинии имсола бо гайрати калон ва суботкорона шуруъ намуда, дар чамъоварии хосили руёндашуда аз рузхои аввал натичахои хуб ба даст оварда истодаанд. Дар этрапи Чардзево низ чамъоварии пахта бо суръати тез давом дорад.
Иттиходияи кол-хозии ба номи Ьекимов дар этрап хамчуи яке аз хочагихои пешкадами вилояг машхур аст. Ичоракорони пуртачриба дар ин чо хар сол дар руёндани хосили фаровони галла, пахта ва дигар зироатхои хочагии кишлок натичахои шоён ба даст меоваранд. Дар комьёбихои хочагй хиссаи калони хар як дехконе, ки кори худро софдилона ба чо меоварад, дохил мешавад.
Яке аз ичоракороне, ки бо мехнати халолаш нашъунамои худро дар хочагии кишлок пайдо карда, дар байни хамдехагон обрую эхтироми калон дорад, Нурмаммет Салимов мебошад. Вай дар гурУхи панчуми ичоракорони иттиходия кор мекунад. Нурмаммет ага 14 сол боз дар зодгохаш бо гайрати калон мехнат карда, хосили фаровони пахта ва галла ба даст меоварад.
Гирду атрофи участкаи ичоравии уро сабзу хуррам будани богу дарахтон аз тачрибаи бои богдорй ва самаранок истифода бурдани замин баръало шаходат медихад. Рохи мехнатии Нурмаммет Салимов барои ичоракорони чавон ибрати шоёни тахеин буда, нишон медихад, ки мехру мухаббат ба Ватан ва мехнат ба муваффакиятхо мебарад.






