Теннисбози нӯҳсола аз Туркманистон Алихон Нурягдиев дар мусобиқаи байналмилалии «TEN-PRO Global Junior Tour» медали нуқра ба даст овард. Мусобиқа аз 16 то 22 ноябр дар шаҳри Манакори ҷазираи Майорка (Испания), дар академияи тенниси ба номи собиқ рақами яки ҷаҳон Рафаэл Надал баргузор шуд. Дар ин бора рӯзномаи электронии «Алтын Асир» хабар медиҳад.

Варзишгари туркман дар категорияи синну соли то 10 (байни писарони соли таваллудаш 2016 ва аз он хурдтар) рақобат кард. Дар кортхои гилин у бо 20 теннисбози 16 мамлакат кувваозмой кард. Алихон дар рох ба финал дар хамаи вохурихои худ бе ягон сет ба харифони худ галаба кард.

Ӯ дар бозии 1/8 финал бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Юнҳо Сон бо ҳисоби 6:2, 6:1, дар чорякфинал бар теннисбози булғорӣ Николай Аврамов бо ҳисоби 6:1, 6:0 ва дар даври ниманиҳоӣ бар варзишгари турк Кан Рауф Тунч бо ҳисоби 6:2, пирӯзӣ ба даст оварданд. Алихон дар бозии ниҳоӣ аз теннисбози Литва Криступас Кловас дар се сет бо ҳисоби 4:6, 6:4, 3:6 шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Манакор баргузор шуд, писарону духтарони солҳои таваллудашон 2010-2017, ки ба ҳафт категорияи синну сол тақсим шудаанд, ширкат варзиданд. Мусобиқа як қисми силсилаи TEN-PRO Global Junior Tour мебошад, ки ҳамасола дар марказҳои пешбари тенниси Аврупо, Африқо, Австралия, ИМА ва Ховари Миёна баргузор мешавад.

Тибқи низомномаи мусобиқот, ҳар як ширкаткунанда бояд дар категорияи синну соли худ на камтар аз чаҳор бозӣ кунад. Варзишгароне, ки дар гурӯҳи як сол калонтар низ рақобат мекунанд, дар давоми як ҳафта дар ҳадди ақал ҳашт бозӣ ширкат мекунанд. Ҳама натиҷаҳо дар рейтинги универсалии теннис (UTR) ба назар гирифта мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаҳо рейтинги умумии «TEN-PRO» ташкил карда мешавад. Варзишгароне, ки дар ин феҳрист мавқеъҳои пешқадамро ишғол мекунанд, имкон доранд, ки бо дастгирии сарпарастон таҷҳизоти варзиширо харидорӣ кунанд ё дар Академияи Рафаэл Надал як ҳафтаи ройгон аз тамрин гузаранд.

Моҳи майи соли 2026 Алихон Нурягдиев низ дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар доираи марҳилаи “Aktobe Masters 10&Under GA Road to TOP 8”, ки дар Қазоқистон баргузор шуд, бомуваффақият баромад кард. Аз рӯи натоиҷи мусобиқот дар яккаву ҷуфтӣ дар маҷмӯъ чаҳор медал – се тилло ва як биринҷӣ ба даст овард.

Алихон хонандаи синфи 3-уми мактаби миёнаи муштараки туркманию русии ба номи А. Пушкин. Вай таҳсили худро бо теннис ва ширкат дар мусобиқоти хориҷа пайваст мекунад. Тренери у Юрий Рогусский мебошад.