Дар этрапи Фарапи вилояти Ленпнобод маросими ба истифода додани мактаби нави миёна, ки барои 600 нафар талаба пешбинй шудааст, барпо гардид. Маркази муосири дониш, ки ба муносибати Рӯзи дониш ва донишҷӯён мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, яке аз рӯйдодҳои муҳими соҳаи маорифи этрап гардид.
Дар мактаби нав шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, ки насли наврас таҳсили босифат, истифода аз технологияҳои муосир ва ташаккули қобилиятҳои эҷодию илмӣ дошта бошад. Бинои таълимӣ мувофиқи талаботи замон сохта шуда, бо синфхонаҳои барҳаво, ҷойҳои таълимӣ ва ёрирасон муҷаҳҳаз аст.
Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, пирони гиромӣ, омӯзгорон, донишҷӯён ва сокинони маҳал ширкат доштанд. Дар рафти чорабинӣ баромадкунандагон қайд намуданд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби нав боз як далели фароҳам овардани имкониятҳои васеи таълимӣ барои ҷавонон мебошад.
Сохтмони мактаби навро барои 600 чой чамъияти иктисодии «Баш Нур» бо закази Управленияи сохтмони асосии вилоя-ти вилояти Ленпнобод анчом дод.
Ифтитоҳи маркази нави дониш ба боз ҳам таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи маориф дар ноҳияи Фарап, барои дар шароити муосир таълим додани хонандагон ва ба камол расонидани ҳамаҷонибаи насли наврас имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.


























