Дар доираи Спартакиадаи XVI “Туркманистон – кишвари саломатӣ ва илҳом”, ки дар кишвар бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ва рушди тарбияи ҷисмонӣ баргузор мегардад, мусобиқаҳои варзишӣ идома доранд. Спортсменхои чавони Туркманобод дар мусобикахое, ки дар этрапхо ва шахрхои вило-ят ташкил карда мешаванд, низ фаъолона иштирок мекунанд.

Дар мактаби спортии раками 3-и шахри Туркманобод мусобикаи пуршиддат оид ба футболи хурд байни писарон барпо гардид. Аз руи чамъбасти бозихо хонандагони мактаби миёнаи махсуси раками 30 чои якумро гирифтанд. Командаи мактаби миёнаи раками 26 чои дуюм ва хонандагони мактаби миёнаи раками 4 чои сеюмро гирифтанд.

Дар доираи Спартакиада байни духтарону писарон низ мусобикаи волейболбозон барпо гардид. Дар мусобика байни писарон командаи мактаби миёнаи раками 21 чои якум, командаи мактаби миёнаи раками 28 чои дуюм ва командаи мактаби миёнаи раками 41 чои сеюмро гирифтанд.

Дар мусобикаи волейбол байни духтарон командаи мактаби миёнаи раками 26 голиб баромад. Командаи мактаби миёнаи раками 11 чои дуюм ва командаи мактаби миёнаи раками 30 чои сеюмро гирифтанд.

Спартакиадаи XVI ба баланд шудани шавку хаваси чавонон ба спорт, такмил додани кобилият ва махорати онхо, инчунин мустахкам намудани саъю кушиши онхо ба тарзи хаёти солим ёрй мерасонад.

Бегенч АТАЕВ, мутахассиси шуъбаи велояти ташкилоти физкультура ва спорти чавонони «Туркманистон».