Пахта яке аз навъхои мухимми ашьёи хоми сохахои гуногуни хочагии халки мамлакат мебошад. «тиллои сафед» ба шарофати мехнати фидокоронаи дехконон руёнда, баъди коркард ба махсулоте табдил меёбад, ки дар саноати бофандагй ва хурокворй васеъ истифода мешавад.
Холо дар корхонаи пахтатозакунии Чардзево коркарди пахтай имсол чамъоварйшуда босуръат давом дорад. Дар чор пункти пахтакабулкунии корхона ашьёи хом шабонарузй кабул карда мешавад. Баъд аз он коркард карда нахи пахта, тухмии пахта ва дигар махсулоти саноат истехсол карда мешавад.
Нахи пахтаи дар корхона истеҳсолшуда ба Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркия содир мешавад. Кисми муайяни он ба корхонахои бофандагии мамлакат низ фиристода мешавад.
Тухмии пахтай коркардшуда барои саноати хурокворй хамчун ашьёи хоми пуркимат хизмат мекунад. Онхо ба заводхои экстракционии равгани вилояти Ленпнобод ва Ахал, инчунин ба иттиходияи истехсолии хуроквории Мари фиристода мешаванд. Равғани растании хушсифати аз тухмӣ гирифташуда барои тайёр кардани таомҳои миллӣ васеъ истифода мешавад.
Коркунони корхона аз он фахр мекунанд, ки махсулоти дар ин чо истехсол кардашуда ба пешрафти истехсолоти саноатй ва хуроквории республика хисса мегузорад.






