Дар муассисаи хизматрасонии иљтимоии пиронсолон ва маъюбони шањри Туркманобод бахшида ба масъалањои њифзи иљтимоии ањолї, расонидани кўмак ба шањрвандони эњтиёљманд, инчунин баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии иљтимої семинари омўзишї баргузор гардид.

Дар семинар мутахассисони со-хаи дахлдори шахри Ашкобод ва дар хамаи велаятхои республика иштирок доштанд. Дар чорабинӣ, ки бо мақсади табодули таҷриба, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва рушди ҳамкориҳои байниидоравӣ ташкил карда шуда буд, оид ба корҳои анҷомдода оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ғамхорӣ ба шахсони ниёзманди дастгирии иҷтимоӣ ба таври муфассал сухан рафт.

Дар семинар мудири шуъбаи Вазорати мехнат ва хифзи ичтимоии ахолии Туркманистон Шемшат Абдиева оид ба ташкили хизматрасонии ичтимой дар хона, инчунин кори дастгирии тарзи хаёти мустакилонаи одамоне, ки аз ин хизматрасонихо истифода мебаранд, маъруза кард. Вай аҳамияти таъмини дастрасии хидматҳои иҷтимоӣ ва кӯмак ба шаҳрвандон дар дарёфти дастгирии заруриро дар ҳаёти ҳаррӯза таъкид кард.

Инчунин, раиси муассисаи хизматрасонии иљтимоии пиронсолон ва маъюбони шањри Туркманобод Оѓулѓурбон Оразмырадова аз таљрибаи ин муассиса ва тадбирњои андешидашуда барои бењтар намудани шароити зисту зиндагонии мардум аз хидматрасонии он суханронї намуд.

Дар семинари омӯзишӣ дар баробари табодули таҷрибаи пешқадам ба беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоӣ ва самараноктар ташкил намудани кумак ба шаҳрвандони ниёзманд таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.

Чунин чорабиниҳо ба ғанӣ гардонидани таҷрибаи касбии мутахассисон, таҳкими ҳамкориҳои мутақобила ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунанд.