Қимати умри инсон бо меҳнати ҳалол, амали нек ва ибрати барои наслҳои оянда гузошташуда андоза мешавад. Яке аз ҳамватанони мо, ки қисми зиёди ҳаёти худро ба соҳаи тандурустӣ бахшида, дар ҳифзи саломатии ҳазорон нафар саҳм гузоштааст, Аҳмет Мергенов мебошад. Фаъолияти дуру дарози у мисоли равшани садокат ба мед-нат, масъулияти баланд ва инсондустй мебошад.
Ахмет Мергенов 20 декабри соли 1946 дар деҳаи Шихариқ, Седивер генгешлик, этрапи Дарғоната дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. У баъди бомуваффакият хатм кардани мактаби миёнаи раками 1 ба номи Магтимгули Пирагй карор дод, ки хаёти худро ба мухофизати саломатии одамон бахшад. Бо ин максад солхои 1965—1971 дар факултети санитарию гигиении Институти давлатии тиббии Озарбойчон тахеил кардааст.
Баъди хатми донишкадаи олй дар лабораторияи хизмати санитарию эпидемиологии этрапи Даргоната ба кор шуруъ намуд. Дар тӯли ин солҳо дар сохторҳои санитарию эпидемиологӣ дар вазифаҳои гуногуни масъулиятнок, аз ҷумла мудири лабораторияи бактериологӣ, сардухтур, сардори хадамоти дахлдор ва эпидемиолог ифои вазифа намудааст.
Ахмад Мергенов дар солхои фаъолияти касбии худ на танхо вазифаи худро софдилона ба чо овард, балки ба пропагандаи тарзи хаёти солим дар байни ахолй низ диккати махсус дод. Тачрибаи худро ба духтурони чавон накл карда, барои баланд бардоштани махорати касбии онхо ёрй расонд. Ба туфайли тачрибаи бой, кобилияти ташкилотчигй ва садокат ба касби интихобкардааш дар байни хамкасбон ва хамдиёронаш сазовори иззату эхтироми калон гардид.
Роҳи ҳаёти табиб-мураббӣ барои мутахассисони ҷавоне, ки дар системаи тандурустӣ кор мекунанд, ҳамчун мактаби камолоти касбӣ хизмат мекунад. Одамоне, ки умри худро ба чунин кори начиб, монанди мухофизати саломатии инсон бахшидаанд, дар чамъият хамеша эхтироми бузург доранд.





