Пахтакорони еолхози хала-фати вилояти Ленпнобод барои руёндани хосили фаровони «тиллои сафед» имсол ба корхои мавсимй тайёрй дида истодаанд. Дар соли чашни 35-солагии истиклолияти Туркманистон ба баланд бардоштани хосилнокии пахтазор ахамияти махсус дода мешавад.

Мачлиси ба карибй барпогардидаи Девони Вазирон, ки дар он барои огози пахтачинй 9 сентябрь фотиха дода шуд, ба кори дехконони этрап кувваи тоза бахшид. Холо дар пахтазор барои дар сари вакт ва беталаф чамъоварй намудани хосили пухтарасида тайёрии зарурй дида мешавад.

Дар артели хочагии кишлоки ба номи Магтымгулй бисьёр ичоракорон хастанд, ки дар пахтакорй натичахои хуб ба даст оварда истодаанд. Майдони замини хочаги барои пахтакорй, ки масохати 1313 гектарро ташкил медихад, дар байни 141 ичоракор таксим карда шудааст, ки онхо ба 17 гурух муттахид шудаанд.

Ичоракорон, ки дар участкахои ба онхо вобасташуда тадбирхои агротехникиро дуруст ба рох мондаанд, имсол хам ба нишондихандахои баланд ноил гардидаанд. Махсусан, ичоракори гурухи 13-ум Мердан Ху-дайбердиев ва ичоракори гурухи 16-ум Азат Язмырадов барин дехконон дар нигохубини мунтазами хосил ба хамкасбон намунаи ибрат мебошанд. Соли гузашта ин ичоракорон аз хар гектар бештар аз 43 центнерй пахта гундошта, мехнати пурмахсули худро исбот карданд. Онхо имсол кушиш доранд, ки хосили хар гектарро ба бештар аз 45 центнер расонанд.

Дар давраи нашъунамо дар пахтазор культивациям байни каторхо, пошидани нурихои маъданй ва таъмин намудани обу хаво барин корхо мунтазам ба чо оварда шуданд. Ба туфайли ин тадбирхо дар сахро хосили фаровони пахта ба вучуд оварда шуд.

Механизаторони иттидодияи истедсолии «Обахизмат»-и Халап этрап ба дехконон дар нигохубини хосил ёрии калон мерасонанд. Механизаторон Гудрат Кулыев ва Ахмет Ибатов дар кори мудимми хочагии кишлок бо мехнати диловаронаашон фарк мекунанд.

Холо дар сахрохои артели хочагии кишлоки ба номи Магтимгулй пахта пухта расида, ба чамъоварии пахта тайёрии зур давом дорад. Чунин майдонхои серхосилро дар дигар иттиходияхои дехконии этрап низ дидан мумкин аст.

Баробари наздик шудани саршавии пахтачинй суръати кор дар этрапи халп боз хам меафзояд. Дехконон ният доранд, ки хосилро дар сари вакт чамъоварй намуда, дар ичрои муваффакиятноки накшахои пахтакорй хиссаи сазовор гузоранд.