Дар маркази маъмурии вилояти Лебап — шахри Туркманобод Рузхои кинои Хиндустон кушода шуд. Дар Хонаи маданият расми кушоди он барпо гардид. Дар он Сафири Фавкулодда ва Мухтори Республикаи Хиндустон дар Туркманистон Бандару Вильсонбабу иштирок дошт.

Дар доираи ҷашнвора, ки аз 11 то 13 ноябри соли 2026 баргузор шуд, ба сокинон ва меҳмонони шаҳр имкон дода шуд, ки панҷ филми маъруфи синамои Ҳиндро ройгон тамошо кунанд.

Ҳадафи аслии баргузории чорабинии фарҳангӣ боз ҳам таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои башардӯстона байни Туркманистон ва Ҳиндустон мебошад. Ба туфайли фестиваль тамошобинони туркман муяссар гардид, ки бо маданияти бои мамлакати дуст, анъанахои миллй ва санъати муосири он нагзтар шинос шаванд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, намоиши филмҳо дар байни тамошобинони синну соли гуногун таваҷҷӯҳи зиёд ба бор овард. Вокеахо дар вазъияти дустона ва самимона гузаштанд.