Бахшида ба 33-умин солгарди муомилоти пули миллӣ – манат миёни кормандони бонкҳои вилоят дар мавзӯи “Ислоҳоти низоми бонкии Туркманистони мустақил ва ҳамеша бетараф – асоси рушди устувор” озмуни касбӣ баргузор гардид.

Дар рафти озмун дастаҳои иштирокчиён оид ба дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Туркманистон ба амал меоянд, натиҷаҳои бадастомада ва корҳои навсозии низоми бонкӣ гузориш доданд. Инчунин дар бораи хизматрасонӣ ва шароити мусоид, ки муассисаҳои бонкӣ ба аҳолӣ пешкаш мекунанд, муфассал сухан ронданд.

Дар доираи чорабинӣ доир ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар фаъолияти бонкӣ татбиқшаванда, инчунин оид ба масъалаҳои иқтисодӣ саволу ҷавоб ташкил карда шуд. Ин марҳила ба иштирокчиён имкон дод, ки дониши касбӣ ва омодагии назариявии худро нишон диҳанд.

Аз руи чамъбасти мусобика командаи коркунони шуъбаи вилоятии Банки Марказии Туркманистон чои якумро гирифт. Ҳамин тариқ, вай ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи давлатии озмунро гирифт. Командам шуъбаи вилоятии банки саххомии тичоратии «Туркман-турк» чои дуюм ва командаи шуъбаи вилоятии банки саххомии тичоратии «Сенагат» чои сеюмро ишгол карданд.

Ба голибон ва иштирокчиёни мусобика аз номи шурои раисони ташкилотхои ибтидоии иттифоки касабаи коркунони муассисахои давлатии Туркманистон дар шахри Туркманобод тухфахои идона супурда шуданд.

Дар ин бора Бахтиёр Нурмамедов, раиси шӯрои раисони созмонҳои ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатии Туркманистон дар шаҳри Туркманобод хабар дод.