Бо мақсади модернизатсияи хизматрасонии нақлиётӣ дар вилояти Лебап ва осон кардани ҳаракати мусофирон дар атрофи шаҳр дар Туркманистон як хидмати нав бо номи «Онлайн Такси» ба кор даромад. Лоиха бо та-шаббуси якчояи иттиходияи истехсолии «Лебапавтоулаг» ва чамъияти саххомии «Автомобилист-сервис» ба амал бароварда шуд.
Хизматрасонии нав ба сокинон ва меҳмонони шаҳр имкон медиҳад, ки шабонарӯзӣ такси фармоиш диҳанд. Система барои таъмини ҳаракати зуд ва қулайи мусофирон ба ҳар нуқтаи шаҳр пешбинӣ шудааст. Гайр аз ин барои баланд бардоштани дарачаи хизмати наклиёт ва бехтар ташкил намудани кабули заказхо ахамияти калон дорад.
Яке аз вижагиҳои хидмати "Онлайн Такси" ин огоҳии автоматии фармоиш аст. Пас аз тасдиқи ариза пассажир дар бораи вақти омадани мошин маълумот мегирад. Ин хусусият ба шумо кӯмак мекунад, ки вақти интизориро ба нақша гиред, сафарро пешакӣ тартиб диҳед ва вақтро дар реҷаи ҳаррӯзаи худ сарфа кунед.
Ба кор андохта шудани системаи нав дар Туркманобод боз як мисоли чорй намудани технологияи рацамй дар саноати наклиёт гардид. Пештар чунин хизматрасонй дар Ашкобод истифода шуда буд ва самарабахшии худро исбот кард. Татбики он инчунин дар маркази маъмурии вилояти Лебап ба навсозии инфраструктураи наклиёти шахр мусоидат мекунад. Илова бар ин, рақамикунонии хизматрасонии таксӣ барои мусофирон роҳҳои қулайи фармоишро фароҳам меорад.
Шаҳрвандоне, ки мехоҳанд такси фармоиш диҳанд, метавонанд аз замимаи мобилии «Онлайн Такси» истифода баранд. Шумо инчунин метавонед бо рақамҳои кӯтоҳи 0555, 0655 ва 0656 мошин фармоиш диҳед.
Ташаббуси нави иттиходияи истехсолии «Лебапавтоулаг» ба бехтар намудани сифати пассажиркашонй дар Туркма-нобод, вусъат додани хизмати хозиразамон ва кулайтар конеъ гардондани талаботи харрузаи наклиёти ахолй нигаронида шудааст.







