Бахшида ба соли “Туркманистони соҳибистиқлолу абадӣ бетараф – ватани аспони ҳадаф” дар тамоми гӯшаву канори кишвар тантанаҳои густурда баргузор мешаванд. Дар доираи ин чорабиниҳо дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилоят таҳти унвони «Ҷашни баланди рушди босуръат» конфронси тантанавӣ баргузор гардид.
Конфронс ба аҳамияти маъракаи Омул-Хазор, ки аз шаҳри бостонии Омул оғоз шуда буд, инчунин 31-умин солгарди гирифтани мақоми ҳуқуқии бетарафии доимии Туркманистон бахшида шуд.
Дар чорабинй аъзоёни фаъоли комитетхои вело-ятй, шахрй ва этрапии Партияи аграрии Туркманистон, намояндагони суди вило-ят, шуъбаи милиция ва шуъбаи адлия, инчунин чавонони студент иштирок доштанд.
Дар рафти конфронс дар бораи роҳи рушди кишвар, аҳамияти мақоми бетарафии доимии Туркманистон ва аҳамияти таърихии маъракаи аз Омули бостонӣ то баҳри Хазар гузаронидашуда суханронӣ карда шуданд.









