Шумораи китҳои рости Атлантикаи Шимолӣ (лат. Eubalaena glacialis), яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ҳайвоноти баҳрӣ, вақтҳои охир боз кам шуд. Тибқи гузориши нави солонаи таҳиякардаи олимон, шумораи онҳо 2 дарсад коҳиш ёфта, ба 382 нафар расидааст.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки дар солҳои қаблӣ теъдоди ин наҳангҳо каме афзоиш ёфта буд, вале ахиран боз кам шудааст. Сабабҳои асосӣ гарм шудани оби баҳр, печидани кит дар асбобҳои моҳидорӣ ва бархӯрд бо киштиҳо мебошанд.
Ба гуфтаи Ҳизер Петтис, раиси Шӯрои наҳангҳои рости Атлантики Шимолӣ, болоравии ҳарорати уқёнус макони зисти организмҳои хурди баҳриро, ки ҳамчун манбаи асосии ғизои китҳо хидмат мекунанд, тағйир медиҳад. Дар ҷустуҷӯи ғизо, китҳо аз паи ин организмҳо мераванд ва маҷбур мешаванд, ки ба минтақаҳои баҳрӣ ҳаракат кунанд, ки дар онҳо сатҳи мувофиқи муҳофизат таъмин карда нашудааст. Ин эҳтимолияти дучори таҳдидҳои фаъолияти инсониро зиёд мекунад.
Ба гуфтаи олимон, дар байни солҳои 2010 ва 2020 шумораи китҳои рости Атлантикаи Шимолӣ 25 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳарчанд соли гузашта зиёда аз 20 гӯсолаи ин намуд таваллуд шуда бошад ҳам, барои таъмини афзоиши устувори саршумори умумӣ кӯшишҳои зиёд барои ҳифзи табиат ва пешгирии таҳдидҳо ҳанӯз зарур аст.
Коршиносон аҳамияти коҳиш додани таъсири моҳидорӣ ва киштиронӣ ба макони зисти ин ҳайвонҳои баҳрӣ, инчунин пурзӯр кардани мониторинги тағирот дар экосистемаи баҳриро таъкид мекунанд.





