Ровери Curiosity-и NASA дар сайёраи Сурх сулфури холис кашф кардааст. Ин кашфиёт барои омӯзиши гузаштаи геологии Миррих муҳим буда, аз кашфи моддаи минералӣ дар сатҳи он шаҳодат медиҳад, ки қаблан дар ин ҷо пайдо нашуда буд.
Ҳодиса соли 2024 ба вуқӯъ пайваст. Сипас мошини шашчархаи Curiosity, ки дар болои як санги калон дар Миррих ҳаракат мекард, онро тақсим кард ва кристаллҳои зардро ошкор кард. Тадкикоти илмии минбаъда тасдик кард, ки ин кристаллхо аз сулфури соф таркиб ёфтаанд.
Пештар олимон дар Миррих маъданхои гуногунеро, ки дар таркибаш сулфур ва кислород доранд, кашф карда буданд. Аммо сулфури соф бори аввал муайян карда шуд. Қайд карда мешавад, ки масоҳати релефи санглох, ки дар он кашфиёт сурат гирифтааст, тақрибан 2100 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи илмии Science нашр шудаанд.
Ба гуфтаи олимон, захираҳои сулфур дар Миррих метавонистанд 2,8-3,1 миллиард сол пеш пайдо шаванд. Тахмин меравад, ки ин ба таркишҳои вулқоние, ки дар ин давра дар сайёра рух дода буданд, вобаста аст. Мумкин аст, ки дар кабатхои зеризаминй газхои дорой сулфур, ки дар натичаи фаъолияти вулканхо ба вучуд омадаанд, нигох дошта шуда, баъд дар зери таъсири фишор ва реаксияхои химиявй кристаллхои сулфури соф ба вучуд омадаанд.
Коршиносон қайд мекунанд, ки ин кашф барои фаҳмидани таърихи геологии Миррих маълумоти нав медиҳад. Дар баробари ин махсусан таъкид карда мешавад, ки кашфи сулфури соф дар сайёра маънои онро надорад, ки дар он ҷо ҳаёт вуҷуд дошта бошад.





