Ширкати машҳури ҷаҳонии бозичаҳои LEGO нақша дорад, ки чорумин корхонаи истеҳсолии худро дар Аврупо дар Португалия созад. Ширкати Дания барои иҷрои тарҳи нав 1 миллиард евро сармоягузорӣ хоҳад кард.

Завод дар Эстаррежаи Португалия сохта мешавад. Дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ дар соли оянда оғоз гардида, маҷмааи истеҳсолӣ то соли 2030 ба истифода дода мешавад.Дар доираи лоиҳа корхонаи муҷаҳҳаз бо технологияи муосири автоматикунонидашуда таъсис дода мешавад, ки беш аз ҳазор нафарро бо кор таъмин мекунад.

Комплекси нави истехсолй майдони 60 гектарро ишгол мекунад. Майдони умумии истехсо-лот ва дигар объектхо 115 хазор метри мураббаъро ташкил медихад. Бозичаҳои дар корхона истеҳсолшуда ба бозорҳои Аврупо, Шарқи Наздик ва кишварҳои Африқо фиристода мешаванд.

Дар айни замон, дар Аврупо корхонаҳои истеҳсолии LEGO дар Дания, Венгрия ва Чехия фаъолият мекунанд. Заводи нав, ки дар Португалия сохта мешавад, иктидори истехсолии корхонаро дар минтака боз хам афзун менамояд.

Маҷмӯаҳои сохтмонии LEGO, ки аз қисмҳои алоҳида ҷамъ оварда шудаанд, дар байни кӯдакони синну соли гуногун хеле маъмуланд ва ба рушди малакаҳои эҷодӣ ва тарроҳӣ мусоидат мекунанд.