Коркунони корхонаи «Демирбетоно-нумлери»-и шахри Туркма-нобод Рузи коркунони комбинати бинокорию саноатиро бо муваффакиятхои мехнатй пешвоз мегиранд. Корхона дар нух мохи соли чорй ба нишондихандахои мусбати истехсолй ноил гардид.
Дар ин чо дар давраи хисоботй 17 хазору 976 мукаабметр маснуоти охану бетони васлшаванда истехсол карда, хачми корхои истехсолй 19 миллиону 90 хазору 645 манатро ташкил дод. Супориши планй 100,1 фоиз ичро гардид. Суръати афзоиши истехсоли махсулот назар ба хамин давраи соли гузашта 103,71 фоизро ташкил дод.
Корхонаи навсозй зиёда аз дах хел маснуоти охану бетонй мебарорад. Ба онхо плитахои фарши ковок, бордюрхои рох, сутунхои охану бетонй, блокхо, панчарахо ва блокхои хиштй дохил мешаванд. Ин махсулот дар сохтмони объектхои районхои гуногуни мамлакат васеъ истифода мешавад.
Барои таъмини сифати маҳсулот дар корхона лабораторияи замонавӣ фаъолият мекунад. Вай нишондихандахои сифатии ашьёи хоми дар истехсолот истифодашаванда, инчунин маснуоти охану бетони тайёрро мунтазам тафтиш мекунад.
Натичахои ба даст овардаи корхона аз муташаккилона ташкил карда шудани процессхои истехсолот ва бо комьёбихои шоёни мехнатй пешвоз гирифтани иди касбии коргарон шаходат медихад.









