Дар Туркманистон татбиқи лоиҳаҳое, ки ба афзоиши иқтидори истеҳсолии масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудаанд, идома доранд. Яке аз ин лоидадо ба сохтмони заводи нави истедсоли гач ва омехтаи бинокории хушк дар шадри Дустлук дахл дорад.

Корхонаи нав пешбинй кардааст, ки соле 20 миллион метри мураббаъ гач ва 250 хазор тонна омехтаи хушки бинокорй истехсол намояд. Ба истифода додани корхона, ки ба корхонаи тиҷоратии «Турман Гипс» тааллуқ дорад, соли 2026 пешбинӣ шудааст.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа дар назар аст, ки корхона бо таҷҳизоти муосири аврупоӣ муҷаҳҳаз карда шавад. Сохтмони комбинат бо хамкории Вазорати саноат ва истехсолоти бинокории Туркманистон ва чамъияти иктисодии «Ак булут» сурат мегирад.

Ба кор андохта шудани корхонаи нави истехсолй имкон медихад, ки талаботи индустрияи бинокорй бо махсулоти махаллй конеъ гардонда, ашьёи хом самаранок истифода бурда, имкониятхои бозори дохилй васеъ карда шавад. Татбиқи лоиҳа ҳамчунин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.